ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷмааи таълимиву хидматрасониеро ба истифода додааст, ки қисми асосии онро мактаби замонавии “Дурахшандагон” ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, муассисаи таълимии “Дурахшандагон” барои таҳсили 600 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.
"Дар ин мактаби навъи нав бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таҳсил 24 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои забони русӣ, англисӣ, физика, кимиё, ҷуғрофия ва рассомӣ ҷой дода шудааст",-омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки дар мактаби муосир ҳайати 40-нафараи омӯзгорони муассисаи таълимии “Дурахшандагон” имкон пайдо мекунанд, ки сифати таҳсилро беҳтар намоянд. Дафтари матбуотии раиси ҷумҳурӣ афзуд, ба мактаби "Дурахшандагон" 10 нафар омӯзгори ботаҷриба аз Русия даъват шудааст.
Таъкид шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон иқдоми созандаи соҳибкорони маҳаллиро шоёни таҳсин хондааст.