Задухӯрди шадиди "Толибон"* бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер ба ҷангиёни "Толибон"* ҳамла намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Дар Панҷшер байни ҷангиёни "Толибон"* ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад, хабар медиҳад "Afghanistan International".
Ба иттилои манбаъ, ҷанг миёни "Толибон"* ва намояндагони Ҷабҳаи муқовимат дар минтақаи деҳаи Заманкури вулусволии Аъноба ба вуқуъ пайваст. Муноқиша тақрибан ду соат идома кард, аммо ҷузъиёти ин ҳодиса мушаххас нашудааст.
Ҷабҳаи муқовимат аз Душанбе хост, вохӯрии онҳо бо "Толибон"*-ро тезонад
Қаблан Латифи Пидрам, раиси Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон, ки аз муқовимат ҳимоят мекард, ба хабаргузории ТАСС гуфта буд, ки дар Панҷшер ҷанги партизанӣ бо "Толибон"* идома дорад.
Вай таъкид кард, ки дар бисёре аз вилоятҳои Афғонистон минтақаҳое ҳастанд, ки таҳти назорати "Толибон"* қарор надоранд.
Пидром ҳамчунин аз Тоҷикистон даъват кард, ки барои ҳалли низои Афғонистон бештар ташаббус нишон диҳад.