Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

“Толибон”*: Намегузорем, таҳдиде аз хоки Афғонистон нисбати Эрон сурат гирад

Муовини волии “Толибон”* дар вилояти Ҳирот таъкид кард, ки ин гурӯҳ иҷоза намедиҳад, таҳдиде аз сӯйи гурӯҳи террористии ДИИШ* алайҳи Эрон сурат бигирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Мавлавӣ Шераҳмад Аммории Муҳоҷир, муовини волии “Толибон”* дар вилояти Ҳирот дар дидор бо мақомҳои маҳаллии Хуросони Разавӣ ва ҳамзамон бо таҳвили бастаҳои кумакҳои башардӯстонаи Эрон ба Афғонистон дар нуқтаи сифри гузаргоҳи марзии Исломқалъа гуфт, ки “Толибон”* ба тамоми қавонини байналмилалӣ ва ҳамсоядорӣ пойбанд буда ва ҳеҷ гоҳ иҷоза намедиҳад, ки афрод ва ё гурӯҳҳое монанди ДИИШ* аз хоки Афғонистон алайҳи Эрон истифода кунанд.
Дар ин бора хабаргузории “Форс” дар истинод ба дафтари расонаҳои волии Ҳирот иттилоъ додааст.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш устондори Хуросони Разавӣ бо ҳадафи тавсеаи равобити тиҷорӣ ва баррасиву ҳалли мушкилоту мавонеи транзитӣ ба Афғонистон сафар кард.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Нигаронии Эрон аз ҳукумати нави Толибон* дар Афғонистон
Дар идомаи раванди ирсоли кумакҳои башардӯстонаи Эрон ба Афғонистон ва пас аз як моҳи рӯйи кор омадани ҳукумати “Толибон”*, ахиран чаҳорумин маҳмулаи эҳдоӣ дар нуқтаи сифри марзии Хуросони Разавӣ ва Ҳирот ба масъулини афғон таҳвил дода шуд.
Ҳамчунин ахиран боз маҳмулаи кумакҳои башардӯстонаи Ҳилоли Аҳмари Эрон барои мардуми афғон ба Афғонистон ирсол шуд.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Тоҷикистону Русия