ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Дастаи "Панҷшер" аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барандаи даври ниҳоии қаҳрамонии Тоҷикистон байни духтарони то 15-сола шуд, хабар медиҳад ФФТ.
Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни духтарони то 15-сола имсол дар ду марҳила - пешакӣ ва ниҳоӣ баргузор шуд.
Шаш даста ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд.
"Дастаи Панҷшер аз Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳамаи панҷ бозӣ пирӯз шуда, бо 15 имтиёз мақоми аввалро касб кард",-омадааст дар хабарнома.
Медалҳои нуқра ба касби 10 хол насиби дастаи "Бешкент" шуд.
Медалҳои биринҷиро футболбозони "Навбаҳор"-и Мастчоҳ ба даст оварданд.
Дар баробари ин беҳтарин дарвозабон Мафтуна Деҳқонова (Панҷшер) ва бозигари беҳтарин Дилдора Имомалиева (Панҷшер) дониста шуд.
Беҳтарин нишонзан бо 41 гол Улҷамол Элмуродова (Бешкент) эълон шуд. Беҳтарин мураббӣ бошад, Содиқҷон Исматов (Панҷшер)-ро эълон карданд.