ДУШАНБЕ, 6 окт – Sputnik. Интизори меравад, то охири соли равон шумораи кӯдакони аз норасоии ғизо ранҷкашида ба 3,2 миллион нафар расад, хабар медиҳад СММ.
Ба гузориши созмони мазкур, дар сурати дарёфт накардани кумаки саривақтӣ шумораи зиёди кӯдаконро марг интизор аст.
Гуфта мешавад, феълан 14 миллион нафар дар Афғонистон дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, ғизо ва хадамоти оддии тиббӣ надоранд. Ин ҳолат пас аз ба сари қудрат омадани "Толибон"* дар моҳи август боз печидатар шуд.
Чанде пеш намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Эрве Людовик де Лис ва Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ Мэри Эллен МакГроарти бо як сафари дурӯза ба шаҳри Ҳирот рафтанд ва ба гуфтаи онҳо, ин кишвар дар вазнинтарин ҳолат қарор дорад ва муҳтоҷи кумакҳои башардӯстона аст.
Бар асоси таҳқиқоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, 95 дарсади хонаводаҳо дар Афғонистон ба таври ҷиддӣ аз камбуди ғизо ранҷ мебаранд.