Қирғизистон қирғизҳои афғонистониро бо ғизо таъмин кард

Ҳукумати Қирғизистон аллакай кумаки башардӯстонаро бо ҳамватанони афғонистонии худ расонида, қайд намуд, ки ғизои интиқолдода барои гузарондани зимистони имсол басанда аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Ба қирғизҳои Помир, ки дар Афғонистон ба сар мебаранд, аз ҷониби ҳукумати Қирғизистон кумаки башардӯстона фиристода шуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури ин кишвар хабар дод ва қайд намуд, ки кумакҳои ирсолшуда аллакай миёни ҳамватанони афғонистонӣ тақсим карда шуд.

"Барои онҳо 55 тонна орд, 14 тонна биринҷ, 10 тонна шакар, 7 тонна макарон, 5 тонна намак ва 4 ҳазор литр равғани растанӣ харидорӣ карда шуд",-гуфта мешавад дар хабари котиботи Содир Ҷабборов.

Манбаъ меафзояд, кумаки башардӯстона барои сипарӣ кардани зимисони имсол кофӣ аст.
Сафири Қирғизистон дар Афғонистон аз вазифа сабукдӯш шуд
"Борҳои башардӯстона аллакай ба макони таъиншуда расонида шуда, дар байни қирғизҳои Помир тақсим карда шудаанд",-омадааст дар хабар.
Ёдовар мешавем, ки қирғизҳои Помир дар шароити сахти табиӣ ва иқлимии баландкӯҳҳо ба сар мебаранд ва сардиҳои зимистон ба ин ҷо хеле барвақт мерасад.