ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Варзишгари тоҷик Комил Боймуродов дар мусобиқаи байналмилалии ҷиу-ҷитсу дар миёни дорандагони камарбанди сиёҳ мақоми аввалро касб кард ва қаҳрамони "New Breed Expert Champions Champion 2021" унвон гирифт.
Варзишгар тасовири пирӯзияшро аз тариқи саҳифаи худ дар "Instagram" ҳамагонӣ кард, ки дар он Боймуродов дар саҳна парчами Тоҷикистон ва камарбанди қаҳрамониро баланд мебардорад.
Ин мусобиқаи ҷиу-ҷитсу дар Майами баргузор шуд. Варзишгари тоҷик дар вазни 77 кило бар ҳама рақибонаш пирӯз шуд.
Ёдовар мешавем, ки Боймуродов зиёда аз даҳ сол ба ин намуди варзиш машғул буда, дар мусобиқоти Қаҳрамонии Осиё ва ҷаҳон бо намояндагӣ аз кишвар рақобат мекунад.
Илова бар ин ӯ ба тарбияти шогирдон низ машғул аст, ки баъзе аз онҳо низ дар сатҳи байналмилалӣ ба натиҷаҳои бузург ноил шудаанд.
Комил Боймуродов дар синни 14-солагӣ ба кӯштӣ оғоз кардааст. Аввал бокс ва кикбоксинг, сипас ба кӯштии озод гузашта, худро дар ҷудо ва самбои размӣ низ санҷидааст.
Соли 2009, пас аз рӯ овардан ба таҳсил дар Дубай ӯ намуди варзиши ҷиу-ҷитсуро интихоб кард. Дар он ҷо ӯ бо мураббии доғистонияш Умар Абдурашидов вохӯрд, ки дар рушди касбии Комил Боймуродов нақши муҳим дорад.