ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ба сари қудрат омадани “Толибон”* дар Афғонистон масъалаи муҳоҷират дар Русияро хеле мушкил мекунад, гуфт Владимир Овчинский, мушовири вазири корҳои дохилӣ дар мусоҳиба бо нашрияи "Красная весна".
"Мушкилоти асосӣ он аст, ки дар муҳити муҳоҷирон пирӯзии “Толибон”* метавонад ҳамчун ангезае барои тақвияти амалҳои ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия бошад", - шарҳ дод оқои Овчинский.
Вай афзуд, ахиран ФСБ-и Русия аллакай чанд гурӯҳи муҳоҷиронро боздошт намудааст, ки тасмими анҷоми ҳамлаҳои террористиро доштанд ва ба ҷалби нафарони дигар машғул буданд.
4 октябри 2021, 17:10
Овчинский қайд кард, ки шумораи муҳоҷирони дорои ақидаҳои тунгароёна шояд ба таври назаррас афзоиш наёбад, аммо метавонад бештар гардад.
"Ин метавонад дигар ҷиноятҳо, барои мисол, гардиши маводи мухаддир дар миёни муҳоҷиронро бештар кунад", - илова кард мушовири вазири коҳои дохилии Русия.
Вай илова кард, ҳоло ҳатто гурӯҳҳое ҳастанд, ки барои амали террористӣ омодаанд ва ин аллакай ба кишвар таҳдид мекунад.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон.