Русия: Дар лағви таҳримҳо алайҳи "Толибон"* шитоб накардан беҳтар аст

Фиристодаи вижаи Русия дар умури Афғонистон мегӯяд, барои лағви таҳримҳо алайҳи "Толибон"* шитоб надоранд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 окт – Sputnik. Русия қасд надорад, дар Шӯрои Амнияти СММ масъалаи лағви таҳримҳо алайҳи "Толибон"*-ро ба миён гузорад. Дар ин бора намояндаи махсуси президенти Федератсияи Русия дар умури Афғонистон, мудири Департаменти дувуми осиёии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар Замир Кобулов дар суҳбат бо "РИА Новости" иттилоъ додааст.

"Дар оянда бознигарии таҳримот алайҳи "Толибон"*-ро истисно намекунем, аммо дар ин марҳила шитоб накардан ба мақсад мувофиқтар аст",-афзуд ӯ.

Намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон таъкид мекунад, ки Русия минбаъд низ дар мавқеи худ барои таъсиси ҳукумати фарогир хоҳад буд ва бар муқовимат бо таҳдидҳо аз Афғонистон, бахусус таҳдидҳои террористӣ ва маводи мухаддир иқдом хоҳад дод.
Ёдовар мешавем, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш баъд аз 20 соли ҳузури бенатиҷа дар Афғонистон нерӯҳояшонро аз ин кишвар хориҷ карданд ва "Толибон"* ба қудрат расид.
Наздикии кишварҳои туркзабон бо "Толибон"*: дидори дипломати ӯзбек бо Муттақӣ
Ин гурӯҳи террористӣ рӯзи 15 август ҳукумати Афғонистонро ғасб ва дар оғози моҳи сентябр ҳукуматашро эълон кард. Аммо то кунун ҳеҷ кишваре ҳукумати ин гурӯҳро ба расмият нашинохтааст ва аз он тақозои иҷрои ваъдаҳову эълони кобинаи ҳамашумулро доранд.
*- созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон.