ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Восеъ маҷмаааи бузурги хидматрасонии сайёҳӣ ва меҳмонхонаи "Сайёҳон" ба истифода дода шуд.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин маҷмааро соҳибкори ватанӣ Авазхон Кабиров сохтааст, ки дорои имконоти васеи сайру сайёҳат мебошад.
Ҳамчунин меҳмонхонаи "Сайёҳон", ки дар ин маҷмаа сохта шудааст, замонавӣ буда, аз 4 ошёна иборат аст.
"Намои берунаи иншоот бо санъати кандакорӣ ва наққошӣ оро дода шуда, дорои тарҳи ҷолиб аст. Сатҳи хидматрасонӣ дар меҳмонхона ба стандарти байналмилалӣ мутобиқат мекунад. Дар деворҳои дохили бино рӯзгору зиндагонии тоҷикон дар давраҳои гуногун тасвир ëфтааст",-менависад дафтари матбуотии роҳбари давлат.
Дар меҳмонхона имкони дар як вақт хидмат расондан ба 150 нафар меҳмон фароҳам шудааст. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани меҳмонхона 150 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Зимнан дар деҳаи мазкур аз ҷониби роҳбари давлат муассисаи томактабии "Оиша" ба истифода дода шуд. Ин муассисаро соҳибкор Махтумбӣ Абдулҳаева сохтааст, ки имкони ба таълим фаро гирифтани 210 кӯдакро дорад.
Манбаъ меафзояд, дар муассисаи мазкур 20 кӯдаки ятим ва аз оилаҳои ниёзманд ройгон таълим мегиранд. Кӯдаконро 12 мураббӣ таълим медиҳанд.
Пас аз ба истифода додани кӯдакистон роҳбари давлат ба таълимгирандагони ин муассиса туҳфа тақдим намуд.
Бинои дигаре, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи мазкур мавриди истифода қарор дода шуд, ин коргоҳи адрасбофӣ мебошад. Корхонаи мазкурро соҳибкор Дилшод Асроров сохтааст. Бино аз 4 ошёна иборат буда, дар он барои истеҳсоли адрас таҷҳизоти муосир насб гардидаанд ва ҳамакнун 150 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.