Буҷаи давлатии Тоҷикистон якбора афзуд: пул аз куҷо пайдо шуд?

Дар соли 2021 бештар аз барнома ба буҷаи кишвар пул ворид шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ба буҷаи давлатии Тоҷикистон дар 7 моҳи соли 2021 аз маблағи қаблан муқарраргардида 930 миллион сомонӣ (82 миллион доллар) зиёд ворид шудааст. Дар ин бора Вазорати молияи кишвар хабар дод.
Дар аввал мақомот нақшаи вуруди 17 миллиарду 252 миллион сомонӣ ба буҷаро доштанд, аммо пас аз муҳосиба маълум шудааст, ки аз моҳи январ то август 18 миллиарду 182 миллион сомонӣ (1,6 миллиард доллар) ба буҷаи Тоҷикистон ворид шудааст.
БҶ коҳиши касри буҷаро дар Тоҷикистон пешгӯӣ мекунад
Дар ҳоле ки андоз яке аз манобеи муҳими буҷа гуфта мешавад, мақомот эълон карданд, ки буҷаи кишвар аз ҳисоби ҷамъоварии андоз афзуда ва андоз аз арзиши изофа, аз даромад, аксизро дар феҳрасти молиёте қарор додаанд, ки саҳми назаррасе дар таъмини буҷаи кишвар доранд.
Танҳо тавассути пардохтҳои аҳолӣ дар соли 2021 72 фоизи маблағҳои ҷумҳурӣ пурра шуд, иттилоъ додааст вазорат.
Илова бар ин Вазорати молияи Тоҷикистон афзоиши буҷаи давлатиро ба рушди иқтисод ва афзоиши шумораи ҷойҳои корӣ рабт додааст. Манбаъҳои нави андозбандӣ ва афзоиши ҷамъоварии андозҳои асосӣ нақши муҳим бозиданд, гуфтааст ин манбаъ.
Apple нахустин шуда дар Тоҷикистон аз ҳисоби даромади хизматрасонии электронӣ андоз дод
Имсол қисми даромади буҷаи давлатӣ 27,6 миллиард сомонӣ (2,4 миллиард доллар) муқаррар шудааст. Ин назар ба соли 2020 1,6 миллиард сомонӣ (141 миллион доллар) бештар аст.
Ёдовар мешавем, ки солҳои ахир мақомоти кишвар наметавонистанд ҳаҷми қаблан пешбинишудаи буҷаи давлатро таъмин кунанд ва бинобар ин камбуди буҷаро шарикони рушд бартараф мекарданд.