ДУШАНБЕ, 3 окт - Sputnik. Ба нақл аз Sputnik Афғонистон, Ӯзбекистон метавонад парвозҳояшро ба Афғонистон аз сар гирад, иттилоъ додааст Абдул Қаҳор Балхӣ, намояндаи вазорати умури хориҷии ҳукумати “Толибон”* дар Афғонистон.
Қаблан роҳбари вазорати хориҷаи “Толибон” Амирхон Мутаки бо сафири Ӯзбекистон дар Кобул Ёдгорхуҷа Шодмонов мулоқот карда буд.
"Шодмонов дар бораи барқарорсозии фурудгоҳи Мазори Шариф ва аз сар гирифтани парвозҳо аз Ӯзбекистон ба Кобул изҳороти умедворӣ кард",-гуфтааст Балхӣ дар саҳифаи Твиттерии худ.
Қаблан расонаҳои Ҳиндустон хабар доданд, ки 30 сентябр ба фурудгоҳи Кобул, парвозҳои тиҷоратӣ, аз Тошканд, сурат гирифтааст.
Аммо намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Ӯзбакистон ин маълумотро рад карданд. Ба гуфтаи онҳо, парвозҳо байни кишварҳо ҳанӯз барқарор нашудааст.
Исматулло Эргашев, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Ӯзбекистон таъкид кард, ки тарафи Ӯзбекистон омода аст аз мақомоти нави Афғонистон пешниҳодҳои мушаххас оид ба ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахши нақлиётро бигирад.
* - як созмони террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст