ДУШАНБЕ, 3 окт – Sputnik. Шумораи кушташудаҳо бар асари таркиши интиҳорӣ назди яке аз бузургтарин масоҷиди шаҳри Кобул афзоиш ёфтааст.
Бар хабари расонаҳои дохилӣ, теъдоди ҷонбохтагон ба 8 нафар расида, ҳамзамон 32 кас шадидан маҷрӯҳ шуданд.
Ин ҳодиса замоне рух дод, ки дар масҷиди Идгоҳ бо модари яке аз роҳбарони ҷунбиши ҳаракати "Толибон" маросими хайрбод баргузор гардида буд.
Гуфта мешавад, ҳадафи ҳамла маҳз роҳбарони "Толибон"* ва вазироне, ки аз ҷониби онҳо интихоб ва таъйин гардидаанд, қарор доштанд.
Қаблна аз кушта шудани 2 сокини маҳаллӣ ва захмӣ шудани се нафари дигар гузориш шуда буд.
Дар робита ба ин ҳодиса се нафар боздошт шуданд, ки ҳар сеи онҳо ҷангиёни ДОИШ* мебошанд.
* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия