Таркиш назди масҷиди Кобул чанд нафарро кушта барҷой гузошт

Дар Кобул назди даромадгоҳи масҷиди Идгоҳ таркиш рух дод, ки ҷони чанд сокини осоиштаро рабуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Бар асари таркиш дар наздикии масҷиди Идгоҳ, ки дуюмин бузургтарин масҷиди шаҳри Кобул ба ҳисоб меравад, чанд сокини осоишта ҷон бохтанд.
Хабари сар задани таркиш дар даромадгоҳи масҷидро Забиуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати муваққати Афғонистон таъйид кард.
Муҷоҳид дар сафҳаи Твиттерии худ навишт, ки "дар натиҷаи таркиш дар даромадгоҳи масҷид чанд сокини осоишта кушта шуданд".
“5 таркиш дар Кобул”: кушта шудани даҳҳо мулкиву низомии амрикоӣ ва толиб*
Бино ба охирин гузоришҳои Вазорати умури дохилии Афғонистон, дастикам 8 нафар кушта ва се нафар захмӣ шудаанд. Бино ба маълумоти пешакӣ, дар масҷид видоъ бо модари Забиуллоҳ Муҷоҳид баргузор шудааст.
Ҳамчунин, шоҳидони айнӣ аз задухӯрд миёни "Толибон"* ва омилони ҳамлаи террористӣ хабар медиҳанд.
Гуфта мешавад, дар робита ба ин ҳодиса се муттаҳам боздошт шуданд ва аз онҳо аъзои ҷангёни ДОИШ ном мебаранд.
* созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон