Ҷузъиёти нави фирори Ғанӣ аз Афғонистон маълум шуд

Манбаъ таъйид намудааст, ки Ғанӣ тариқи қаламрави Ӯзбекистон фирор кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 окт – Sputnik. Кишвардори собиқи Афғонитон, Ашраф Ғанӣ моҳи август тариқи қаламрави Ӯзбекистон аз кишвар фирор кард, хабар медиҳад нашрияи маҳаллии Hasht e Subh Daily бо истинод ба як манбаъ аз ҳукумати қаблӣ.
Манбаъ меафзояд, Ғанӣ рӯзи 15 август фирор кард ва барои берун овардани ӯ аз Афғонистон чанд тайёра истифода шуд, ки махсус барои ҳолатҳои фавқулода пешбинӣ шудааст.

"Аз 54 нафаре, ки бо чаҳор чархбол дар Тирмизи Ӯзбекистон фуруд омадаанд, 22 нафар халабони техникҳои Нерӯҳои Ҳавоӣ ва 22 нафар муҳофизони президент буданд. Ҳеҷ кадоме аз онҳо шиноснома надоштанд", - гуфт манбаъ.

Хабар дода мешавад, ки Ғанӣ ва атрофиёни ӯ беш аз як рӯз дар Ӯзбекистон қарор доштанд. Ба гуфтаи манбаи нашрия, онҳо таҳти назорати низомиёни Ӯзбекистон буданд ва ҳатто фурсати бо ҳамдигар суҳбат карданро надоштанд, чун пайваста таҳти назорати низомиёни он кишвар қарор доштанд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ағбар: Ашраф Ғанӣ ба додгоҳи байналмилалӣ кашида шавад - видео
"Нисфирӯзи душанбе, ҳавопаймои хурди сафед бидуни ягон нишонаи давлатӣ ё тиҷоратӣ дар фурудгоҳи Тирмиз нишаст", - афзудааст манбаъ.
Нашрия қайд мекунад, ки тибқи хадамоти Flightradar, сухан дар бораи як ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии FlyJet меравад, ки аз Тирмиз ба Абу -Даби парвоз мекард.
"Маҳз бо ҳамин ҳавопаймо Ашраф Ғанӣ ва 53 ҳамсафари ӯ соати 23: 00-и 16 август пас аз таваққуфи 31-соата аз Тирмиз ба Абу-Даби парвоз карданд",- менависад рӯзнома.
Зимнан, пас аз фуруд омадан дар фурудгоҳ, Ғаниро чанд марди арабӣ пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар аввал, вақте ки Ғанӣ гурехт, иддао шуд, ки ӯ тариқи транзит тавассути Тоҷикистон парвоз кардааст, аммо мақомот ин гуна фарзияҳоро қатъиян рад кардаанд.