Суҳбати собиқадори ҷанг дар мавриди эҳтимоли даргирии Тоҷикистон бо "Толибон"* - видео

Вячеслав Некрасов, намояндаи махсуси Иттиҳоди собиқадорони ҷанги Афғонистон, мегӯяд, миёни Тоҷикистону "Толибон"* даргирии мусаллаҳона рух нахоҳад дод, вале агар чунин шавад, ин даргирӣ бар зарари ҳама хоҳад буд
Sputnik
Некрасов мегӯяд, "Толибон"* борҳо изҳор доштаанд, ки нияти паҳн кардани қудрати худро дар берун аз марзи Афғонистон надоранд ва амалан ҳам инро то ҳол риоя карда истодаанд.
Ӯ мегӯяд, хабарҳо, ки "Толибон"* нерӯҳои вижаашонро ба марз бо Тоҷикистон интиқол додаанду мақомоти тоҷик низ гузаштҳои ҳарбӣ мегузаронанд, як навъ намоиши нерӯ мебошад. Коршинос муътақид аст, ки мухолифатҳо фаротар аз ин намеравад.
Вай аз мавқеи Вазорати умури хориҷии Русия истиқбол кард, ки ҷонибҳоро ба коҳиши ташаннуҷ даъват кард.
Дар суҳбат бо Sputnik Некрасов инчунин ба суолҳо дар мавриди сабаби мавқеъгириҳои Тоҷикистон, Афғонистон, қудрати артиш, ваъдаҳо ва вафои "Толибон"*, истифодаи ИМА аз пойгоҳҳои Русия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ посух дод.
*- созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар