"Дигар намекунам"- узрхоҳии блогери тоҷик барои аксҳои таҳрикомез дар назди калисои Маскав

Як блогери тоҷик барои ба гунаи таҳқиромез акс бардоштан дар назди калисои Маскав узрхоҳӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Руслан Бобоев, блогери ҷавони тоҷик, ки як рӯз пеш барои аксбардории иғвоангезона дар назди калисои Василий Блаженний дар Майдони Сурх боздошт шуда буд, барои ин амалаш узр хост.
Ӯ ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Русик_04 маъруф аст, силсилаи аксҳои таҳрикомезеро дар назди калисои Василий Блаженний нашр кард ва ин боиси мавҷи бархӯрдҳо шуд. Бинобар ин блогер ваъда дод, ки дигар ин корро такрор намекунад.
"Ман аз таҳи дил узр мепурсам, дигар ин корро нахоҳам кард",-изҳор дошт блогери тоҷик.
Навори узрхоҳии ҷавони тоҷикро дафтари матбуотии Сарраёсати ВКД-и Русия дар шаҳри Маскав нашр кардааст.
Вай инчунин гуфт, ки қаблан кор мекард, аммо ҳоло ба сабти "пранк" машғул аст.
Ба гуфтаи ӯ, барои ин Бобоев аллакай ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.
Ин ҷавони тоҷик ҳамчунин гуфтааст, ки 100 000 ҳамванд (подписчик) дорад, аммо ҳоло саҳифааш баста шудааст.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, Бобоев дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси беодобонаеро нашр кардааст, ки дар он дӯстдухтараш либоси мақомоти пулисро ба тан кардааст.
Пранкери маҳкумшудаи тоҷик дар Маскав ба озодӣ баромад
Ин аксҳо бо навиштаҷоти "Кодекси меҳнат Кодекси ҷиноятӣ нест, онро вайрон кардан мумкин аст", нашр шуданд.
Худи ҳамон рӯз, пас аз дар интернет пайдо шудани аксҳо Бобоев аз ҷониби пулиси Маскав боздошт шуд.
Гуфта мешавад, Руслан Бобоев дар Дарвоз ба дунё омада, дар мактаби миёнаи №6, деҳаи Ёгеди ноҳия таҳсил кардааст. Ӯ аз Тоҷикистон ба Сочи ва аз он ҷо ба Маскав омада, ба Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов дохил шудааст.
Қазияи боздоштҳои блогерони тоҷик дар Русия нав нест.