ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Шаҳрдории Исфара гуфт, нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара нисфирӯзии 1-уми октябр пурра иҷро шуд.
Мақомдорони шаҳр мегӯянд, ҷавонон дар Исфара ихтиёран ба хидмат рафта, маъракаи гусели онҳо бо тантана дар ҳузури наздикону мақомдорон сурат гирифт.
Ба гузориши хабаргузории "Ховар", дар маъракаи гусели наваскарон раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба наваскарон барои иҷрои рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ дар назди Ватан изҳори сипос гуфт.
Баҳодурзода афзуд, муҳайё намудани шароити хуби хидмати ҳарбӣ ва зисти сарбозону афсарон дар сафи артиш мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар қарор дорад.
Раиси Исфара гуфт, ҷавонони бонангу номус дарк мекунанд, ки хидмати ҳарбӣ нишонаи ватандӯстию омодагӣ барои ҳимояи давлат мебошад.
Гузоришҳо аз аввалин мавриди иҷрои нақша дар минтақаҳои алоҳида дар ҳолест, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон даъвати тирамоҳӣ дар кишвар аз 1 октябр оғоз шуда, интизор меравад, ки ду моҳ идома ёбад.