Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

“Politico”: Баррасии истиқрори низомиёни Амрико дар пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон

Пентагон эълон кард, ки Русия зимни мулоқоти Путин ва Байден ба Иёлоти Муттаҳида барои назорати Афғонистон кумак пешниҳод кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Амрико бо мақомоти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар бораи истифодаи қаламравҳояшон барои амалиёти зидди террористӣ музокира дорад.
Дар ин бора рӯзнома “Politico” дар истинод ба сенаторҳои амрикоӣ навиштааст.
Гуфта шудааст, ки онҳо дар қисми пӯшидаи мулоқот бо ширкати раҳбарияти Пентагон ширкат доштанд.
Нашрия менависад: "сегона роҳбарони баландпояи артиши дар паси дарҳои баста ба сенаторҳо дар бораи музокироте, ки бо ҳукуматҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо идома доранд, маълумот доданд.
Туркманистон низ бо "Толибон"* вориди гурфтугӯ шуд: ситоиши сафир аз вазъи Афғонистон
Амрико пас аз хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон дар ҷустуҷӯи роҳҳои назорати таҳдидҳои террористӣ, ки аз ин кишвар аст. “Politico” таъкид мекунад, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамчун масъалаи истифодаи пойгоҳҳои низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ мекунад.
Дар қисми кушодаи ҷаласа, роҳбари Пентагон Ллойд Остин гуфт, ки Русия дар моҳи июн ба Амрико дар Женева кӯмак пешниҳод кардааст.
Politico ишора мекунад, ки қаблан раиси ситодҳои муштараки артиши Амрико Марк Милли кӯшиш дорад, ки ҷузъиёти ин ташаббусро аз ҳамтои русаш Валерий Герасимов бифаҳмад.
Чанде пеш рӯзномаи “Wall Street Journal” дар бораи мулоқоти намояндагони Русия ва ИМА навишта буд. Аммо нашрия ҷузъиёти музокиротро нагуфт.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Толибон”* Амрикоро ба нақзи ҳарими ҳавоии Афғонистон муттаҳам кард
Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Песков, котиби матбуотии раисҷумҳури Русия аз посух ба суол дар бораи истифодаи амрикоиҳо аз пойгоҳҳои низомии Русия дар Осиёи Марказӣ худдорӣ кард.
Мақомоти Русия борҳо таъкид кардаанд, ки ин имконнопазир нест. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков таъкид карда буд, ки ҷойгиркунии сарбозони амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ ба манфиатҳои Маскав мувофиқат намекунад.
Дар ин бора раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров низ сӯҳбат доштанд.