ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон гузашти низомӣ баргузор гардид.
Ба иттилои дафтари матбуотии роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи афсарону сарбозонро ба солрӯзи истиқлолияти давлатӣ табрик намуд.
Зимнан, роҳбари давлат соли равонро барои мардуми тоҷик соли таърихӣ ва бобарор номида, саҳми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар таъмин намудани сулҳу суборт дар кишвар назаррас арзёбӣ кард.
Ӯ қайд намуд, ки хизматчиёни ҳарбӣ вазифаи муқаддаси базиммадоштаи худро бо эҳсоси масъулият дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд иҷро карда истодаанд.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон аз авҷ гирифтани таҳдиду хатарҳои гуногун, дар наздикии сарҳадҳои Тоҷикистон ва бахусус ноором будани вазъият дар Афғонистон таъкид намуда, изҳор дошт, ки нақш ва масъулияти Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дучанд гардидаасат.
Президент изҳори боварӣ намуд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ба хотири таъмини амнияту субот ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар минбаъд низ омода хоҳанд буд.