ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Мавлавӣ Оқомир, ки худ панҷшерӣ буда, аз солҳои 90 ба ин сӯ ба “Толибон”* пайвастааст, дар як навори видеоӣ мегӯяд, ӯ ва ҳамкоронаш деҳа ба деҳа гашта, ба мардум, ки ба кӯҳҳо паноҳ бурдаанд, мегӯянд, ки ин иморати исломист, адолатро қоим ва дин, номус, нафс ва моли шуморо муҳофизат мекунад.
“Аммо, мутаассифона, як теъдод бародарони муҷоҳид даст ба корҳое заданд, ки моро рӯсиёҳ пеши қавм сохтанд. Мо мардумро аз кӯҳ поин мекунем, як каси дигар мебарад мекушадаш. Дигар рӯз меояд, мегӯяд, ки як хат бидеҳ, ки ҳатто намегузоранд ҷанозаамро дафн кунам. Мо ба мардум чӣ ҷавоб диҳем, ҳайрон ҳастем”,-гуфт Оқомир.
Мавлавӣ Оқомир мегӯяд, вақте кормандони истихборот қотилро дастгир карда, ба посгоҳҳои “Толибон”* мебаранд, ки таҳқиқ кунанд, онҳо мегӯянд, "хуб кардем куштем, зеро панҷшерӣ аст ва ба ҷурми панҷшерӣ буданашон куштем".
“Дар ҳар кӯчаву қасаба як ҷаноза пайдо мешавад, ки соҳиб надорад. Тақозои мо аз бузургони “иморати исломӣ” ин аст, ки на моро рангзард бисозанд дар пеши мардум ва на худашон гап бизананду амал накунанд”,-гуфт раиси истихбороти Панҷшер.
Вай афзуд, ҳар масъул бояд соҳаи худро назорат кунад, ки афродаш беҷо ҳаракат ва мардумро беҳуда азият накунад.
“Касе аз сари заминаш бурда мешавад, касе аз хонааш дар нисфи шаб кашида мешавад. Мо масъули истихборот ҳастем, мо бояд хонаи мусаллаҳро талошӣ кунем. Волии Панҷшер ин ҳақро дорад. Аммо масъулине, ки посгоҳ доранд, масъули амният ҳастанд ва душманро бояд дунбол кунанд”,-гуфт раиси истихбороти Панҷшер.
Ба қавли ӯ, бештар аз як ҳафта аст, ки мардуми зиёд аз гӯшаву канори Панҷшер ба дафтари истихбороти вилоят меоянд ва аз беназмиҳои “Толибон”* шикоят мекунанд.
“Мегӯянд, ки маро азияту озор мекунанд, қулфи дарамро мекананд, худамро латукӯб мекунанд, ба якеаш силоҳ медиҳам, дигараш мегӯяд, ки силоҳ деҳ, ба яке ин медиҳам, ба дигаре он. Хуллас, ҷанҷол зиёд аст. Мо бояд эҳсоси масъулият кунем, ҷилави инсонҳои муғризро бигирем”, -гуфт Мавлавӣ Оқомир.
Раиси истихбороти Панҷшир гуфт, имрӯз ҳеҷ сокини Панҷшер аз тарс аз хона берун намешавад ва агар ин ҳолат давом ёбад, тамом мардум аз ин вилоят кӯч хоҳанд кард, дар он сурат мо болои Панҷшери беодам ҳукмронӣ хоҳем намуд.
Панҷшер хостгоҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд танҳо вилояти озоди Афғонистон буд, ки қисматҳои асосиаш, аз ҷумла марокизи вилоят ва вулусволиҳояш, ҳудуди 20 рӯзи қабл, пас аз як ҳафтаи ҷанг аз сӯйи “Толибон”* ишғол шуд.
Тибқи иттилое, ки аз манобеи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба Sputnik Тоҷикистон дастрас шуд, то ба ҳол ҳудуди 200 нафар, умдатан мардуми бесилоҳ аз сӯйи “Толибон”* ба шаҳодат расонида шудаанд ва теъдоди бузурге аз мардум ба ҳар роҳ дараро тарк кардаанд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар