Ифтитоҳи зеристгоҳҳои барқии “Хоруғ” ва “Помир-1” аз ҷониби раисҷумҳур

Сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад. Субҳи имрӯз роҳбари давлат зеристгоҳҳои барқии “Хоруғ” ва “Помир-1”-ро ифтитоҳ карду бо лоиҳаи пайвастшавии шабакаҳои барқи вилоят бо ҷумҳурӣ ва сохтмони НБО “Себзор” шинос шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти зеристгоҳҳои барқии “Хоруғ” ва “Помир-1” оғоз бахшид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар.
Ба иттилои манбаъ, зеристгоҳи барқии “Хоруғ” дар назди НБО-и "Хоруғ" дар масоҳати 4850 ва зеристгоҳи “Помир-1” дар деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 2615 метри мураббаъ бунёд шудаанд.
Шиддати зеристгоҳи барқии “Хоруғ” ва “Помир-1” 110 кВ буда, дар ҳар кадоми он ду трансформатор бо тавоноии 25 ҳазор кВт насб гардидааст.
Гуфта мешавад, ки барои харидорӣ ва васлу насби таҷҳизоти навтарини соҳа дар зеристгоҳҳои “Хоруғ” ва “Помир-1”, ки марҳилаи сеюми Лоиҳаи хусусии энергетикии Помирро дар бар мегирад, дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария ва қисман аз тарафи ширкати “Помир Энерҷӣ” 1 млн. 967 ҳазор ва барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 393,4 ҳазор доллар ҷудо шудааст.
Раҳмон сокинони ноҳияи марзӣ дар ВМКБ - ро ба зиракию муттаҳидӣ даъват кард
Лоиҳаи хусусии энергетикии Помир-марҳилаи III ба беҳтар намудани фаъолияти “Помир Энерҷӣ” ва баланд бардоштани самаранокӣ ҳамчун унсури муҳими устувории баландмуддат ихтисос ёфтааст.
Лоиҳаи мазкур бо дарназардошти осебпазирии минтақа аз офатҳои табиӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим, инчунин беҳтар кардани шароити баҳрабардорӣ аз нерӯи барқ ва мудирияти марҳилаи авҷи сарбории шабакаҳо бо харҷи кам тарҳрезӣ шудааст.
Таъкид шудааст, ки татбиқи лоиҳаи зеристгоҳҳои мазкур бар тавоноии “Помир Энерҷӣ” меафзояд.
Иттилоъ дода шудааст, ки васлу насби таҷҳизот ва сохтмони зеристгоҳҳоро бо фармоиши “Помир энерҷӣ” мутахассисони ширкатҳои ватании “Мадад”, “Помир энергосервис” ва “Худоёрбек” анҷом додаанд
Қайд карда шудааст, ки зеристгоҳҳо имконоти нав дар ҷиҳати коҳиши минбаъдаи талафот, таъмини беҳтар ва боэътимоди нерӯи барқи тоза ​​ба шумораи бештари аҳолӣ, афзоиши устуворӣ дар қиболи тағйирёбии иқлим ва иқтидори содиротии нерӯи барқро ​​фароҳам мекунанд.
Раҳмон дар Помир: Президент боз аз як ноҳия боздид кард
Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки зеристгоҳҳои нав имкон медиҳанд, талафоти нерӯи барқ ​​дар вақти сарбории шабакаҳои барқӣ ба миқдори 2,5 МВт барқарор гардида, интиқоли боэътимоди нерӯи барқ ​​ба минтақаҳои дорои талаботи афзоянда дар ҳудуди ВМКБ ва инчунин минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон таъмин шавад.
Гуфта шудааст, ки ба кор андохтани зеристгоҳҳо марҳилаи нав ва таърихии таъмини нерӯи барқ дар ВМКБ мебошад, зеро нахустин маротиба қудрати системаи энергетикии минтақа ба 110 кВ мерасад.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО-и “Себзор” ва татбиқи барномаи пайвастшавии шабакаҳои барқи вилоят бо ҷумҳурӣ ба таври маҷозӣ шинос шуд.
Бояд қайд кард, ки НБО-и “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа ҷойгир буда, то имрӯз барои заминагузорӣ ба оғози корҳои сохтмонӣ чораҳои зарурӣ анҷом дода шудаанд. Ҳоло кӯчонидани хонаҳои истиқоматӣ аз минтақаи сохтмон ба дигар мавзеъ ва сохтмони бинои маъмурии иншоот пурра ба анҷом расонида, тағйир додани маҷрои дарё ва корҳои заминӣ дар иншоот идома доранд.
Татбиқи Лоиҳаи бунёди ин иншооти гидроэнергетикӣ моҳи декабри соли 2020 оғоз шудааст.
Раҳмон: Рошқалъа дар солҳои наздик ба содиркунандаи барқ табдил меёбад
Ин нерӯгоҳ аз се агрегат иборат буда, иқтидори истеҳсолии он аз рӯи лоиҳа 11 мегаватт дар як шабонарӯз мебошад. Арзиши умумии лоиҳа 54 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
НБО-и “Себзор” дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакат - расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза сохта шуда, он ба рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Лоиҳаи пайвастшавии шабакаҳои барқи вилоят ба ҳалқаи ягонаи энергетикии мамлакат беш аз 90 фоиз иҷро шудааст ва имрӯз васлу насби сутунпояҳои оҳанӣ, кашидани хатҳои барқии баландшиддат дар масири пешбинишуда ҷараён дорад.
Тӯли хатти интиқоли барқи бунёдшаванда 24,3 километрро ташкил медиҳад ва барои амалӣ намудани ин лоиҳа 4,1 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Лоиҳа соли 2022 иҷроӣ мешавад ва дар ин замина мушкилоти аҳолии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар ҷиҳати дастрасӣ ба нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза бартараф хоҳад шуд.