ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Ӯзбекистон барои душаҳрвандӣ ҷазои маъмурӣ таъйин мекунад, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии ин ҷумҳурӣ бо истинод ба узви Кумитаи мудофиа ва амнияти палатаи поёнии парлумони ин кишвар Фарҳод Ашматов.
Тағйирот ба қонуни дахлдорро палатаи қонунгузории Ӯзбекистон қабул кардааст.
"Дар Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст, ки ҷавобгарӣ барои огоҳ накардани мавҷудияти шаҳрвандии дуюм дар муҳлати муқарраршуда, яъне дар давоми 30 рӯз ба нақша гирифта шавад",-гуфт Ашматов.
Гузашта аз ин лоиҳаи қонун ҳоло бояд дар Сенати ин ҷумҳурӣ тасдиқ карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Ӯзбекистон душаҳрвандӣ эътироф намешавад.
Ҳамчунин, ба гуфтаи Ашматов, шахсе, ки аз шаҳрвандии Ӯзбекистон маҳрум шудааст, вале шиноснома ё корти ID-и Ӯзбекистонро истифода мебарад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Гуфта мешавад, тибқи қонунгузорӣ дар ҷумҳурӣ, агар он нафароне аз атбои ин кишвар, ки тобеияти давлати дигарро гирифтаву аз шаҳрвандии Ӯзбекистон хориҷ шудани худро эълом накарда бошанд, онҳо шаҳрвандони ин кишвар ҳисобида мешаванд.