ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Ҷерри Райс, сухангӯи Сандуци байналмилалии пул гуфт, ки ин нищоди молявии байналмилаль то шаффоф шудани ҳукумати “Толибон”* бо Афғонистон ҳамкорӣ нахоҳад кард.
"То замоне, ки дар ба расмиятшинохтани давлати “Толибон”* ҷомеъаи байналмилалӣ шаффофият мушоҳида нашавад, таъомули мо бо Афғонистон мутавақиф мебошад. Барномаи сандуқи байналмилалии пул дар Афғонистон муттавақиф аст. Ин кишвар ба манобеъи сандуқ дастрасӣ надорад”, - гуфт Райс.
Ба гуфтаи ӯ, Сандуқи Байналмилалии Пул аз бӯҳрони дарпешистодаи иқтисодӣ ва башардӯстона дар Афғонистон сахт нигарон аст ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунад, ки фавран ба ин масъала таваҷҷӯҳ зоҳҳир намоянд.
Ёдрас мешавем, ки пас аз суқути ҳукумати Афғонистон ба дасти "Толибон"* Иёлоти Муттаҳида тақрибан 10 миллиард доллар дороиҳои ин кишварро дар бонк ва дигар муассисаҳои молии ИМА масдуд кард.
Котиби давлатии ИМА ахиран изҳор дошт, ки "Толибон"* бояд барои расидан ба "эътирофи байналмилалӣ" заҳмат кашад. Ҳамзамон ӯ таъкид кард, ки ҳама гуна ҳамкорӣ бо ин гурӯҳи мусаллаҳ ба "манфиатҳои миллӣ"-и Афғонистон хоҳад буд.
* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия