ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ парвоз карда, дар он ҷо чанд бинои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳимро ба истифода дод, хабар медиҳад дафтари матбуотии сарвари давлат.
Пас аз ворид шудан ба ноҳия Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди истиқлол Майдони парчамро боз кард.
Майдони парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Роштқалъа бунёд гардида, атрофи он бо шаклу услуби хоси меъморӣ сохта шудааст. Баландии пояи парчам 33 метрро ташкил дода, паҳноии матои он 4 ва дарозияш 8 метр мебошад.
Раисҷумҳур дар ин минтақа як маркази бузурги адлияро боз кард, ки дар он бино дафтари САҲШ ва бахши нотариалӣ ҷойгир аст.
Ҳамзамон дар Роштқалъа бинои идораи андоз низ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Гуфта мешавад, он аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохта шуда, омода аст, ҳам шахсони ҳуқуқӣ ва ҳам соҳибкорони инфиродиро қабул кунад.
Пас аз он президент дар ифтитоҳи бинои нави раёсати молия иштирок кард, ки он дар худи маркази ноҳия сохта шудааст ва пас аз он сармоягузорони маҳаллӣ суҳбат кард.
Сафари кории сарвари ҷумҳурӣ дар саросари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад. Мақсади ниҳоии ин сафар Хоруғ хоҳад буд, ки дар он ҷо барномаи фарҳангии бузург ба ифтихори солгарди истиқлоли кишвар баргузор мешавад.