ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо бо риояи қатъии чораҳои беҳдоштӣ дар шаҳри Тошканд баргузор хоҳад шуд.
Бар хабари Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқа аз 12 то 14 ноябри соли равон дар пойтахти Ӯзбекистон доир мегардад.
Феълан, Федератсияи байналмилалии самбо низомномаи қаҳрамониро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, ҳар иштирокчӣ на кам аз 48 соат то парвоз дар кишвари худ бояд тести COVID-19 супорад. Тести дуюм як рӯз қабл аз мусобиқа ва тести сеюм як рӯз пеш аз парвоз аз Тошканд супорида мешавад.
Федератсияи мазкур бар ин бовар аст, ки чорабиниро бе ба қайд гирифтани COVID-19 баргузор мекунад.
Федератсияи мазкур бар ин бовар аст, ки чорабиниро бе ба қайд гирифтани COVID-19 баргузор мекунад.
Бояд гуфт, ки Фонди ҷоизаҳои Чемпионати ҷаҳон низ дар низомнома қайд гардидааст. Маблағи умумӣ 231000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои медали тилло 4000 доллар, барои медали нуқра 3000 ва барои медали биринҷӣ 2000 доллари ИМА пешбинӣ шудааст.
Ин аввалин чемпионати ҷаҳон хоҳад буд, ки қувваозмоиҳо аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардҳо, 7 вазн миёни бонувон ва 7 вазн оид ба самбои размӣ, дар умум 21 маҷмӯи медалҳо, сурат мегиранд. Соли 2020 қувваозмоиҳо аз рӯи 27 вазн доир гардида буд.