ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Ҷаласаи корӣ барои пешгирӣ аз болоравии нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистонро сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумат Абдулмаҷид Муминзод ва муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор карданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси Суғд, ба мулоқот роҳбарон ва шахсони масъули корхонаҳои истеҳсолкунандаи орд даъват шуданд.
Сардори хадамот аз роҳбарони корхонаҳои истеҳсолкунандаи орд даъват намудааст, ки ба болоравии беасоси нарх роҳ надода, барои таъмини фаровонии бозорҳо бо орд, ки ҳамчун маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба ҳисоб меравад, тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дафтари матбуотии раиси Суғд мегӯяд, новобаста аз он ки нархи орду гандум дар давлатҳои содиркунанда боло рафта бошад ҳам, аз соҳибкорон даъват шуд, ки барои дастрас намудани маҳсулоти мазкур бо нархҳои нисбатан арзон дар доираи имконият тадбир андешанд.
Ин дар ҳолест, ки тайи рӯзҳои охир корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, ки нархи як халта орд дар кишвар то ба 290 сомонӣ расида, дар бархе навоҳии дурдаст аз 300 сомонӣ ҳам бештар шудааст.