ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар баёнияи Оҷонсии кумакҳои башардӯстонаи СММ омадааст, ки аз ин миқдор пул 37 дарсадаш ҷамъоварӣ шуда ва ҳудуди 800 миллион доллар дар ҳоли ҷамъ шудан аст.
Дар айни ҳол, ин Ожонсӣ аз кишварҳо хостааст, то марзҳои худро ба рӯи он иддае афғонҳо яке ба далели ҷанг аз кишварашон фирор кардаанд бозкунанд.
Дар ин баёния аз тарафҳои даргир хоста шудааст, то қавонини башардӯстонаро риоят кунанд ва дастрасии озоди коргарон башардӯстона, зану мардро тазмин кунид.
Дар баёния омадааст: "Мардуми Афғонистон аз ҳарвақта бештар ба дастгирии мо ниёз доранд. Созмонҳои мо барои кӯмак ва ҳифзи онҳо талош доранд. Мо дар Афғонистон мемонем ва кумак мекунем".
Вазъият дар Афғонистон, бахусус дар моҳи август, вақте “Толибон” (гурӯҳи мамнӯъ дар Русия) ҳамлаҳои худро ба нерӯҳои ҳукуматӣ шиддат бахшиданд, бадтар шуд.
Ягона вилояте, ки “Толибон” (гурӯҳи мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) натавонистанд пурра онро ишғол кунанд, Панҷшер дар шимолу шарқи Кобул аст.
Рӯзи 15 август “Толибон” вориди Кобул шуданд ва Кохи раёсати ҷумҳуриро таҳти назорат худ гирифтанд.
Ашраф Ғанӣ қабл аз расидани нерӯҳои “Толибон” ба Кобул Афғонистонро тарк кард ва дар як паём эълом кард, ки ин тасмимро ба хотири қатъи хунрезӣ гирифтааст.