Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Аҳмад Масъуд: Ҷабҳаи муқовимат муборизаашро идома медиҳад ва ба Афғонистон сулҳ меорад

Намояндагони Ҷабҳаи муқовимат эълон карданд, ки дар қиёс бо “Толибон”* имкони дар Афғонистон сохтани як ҳукумати ҳамашумулро доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Дар шабакаҳои "Телеграмм", ки ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ рабт доранд, аз номи фармондеҳи саҳроӣ Аҳмад Масъуд муроҷиатномае нашр шуд, иттилоъ додааст нашрияи “Военное обозрение”.
Дар муроҷиатномаи савтӣ аз номи раҳбари Панҷшер гуфта мешавад, ки Ҷабҳаи муқовимат муборизаашро бо “Толибон”* идома медиҳад ва то озод шудани Афғонистон таслим нахоҳад шуд.

"Агар мо муқовимат накунем, Афғонистон ба паноҳгоҳи терроризми байналмилалӣ мубаддал хоҳад шуд",-омадааст дар баёния аз номи Аҳмад Масъуд.

Ҳамзамон шарҳҳои раҳбари Ҷабҳаи муқовимат дар шабакаи хабарии "Al-Sharq" ба нашр расидааст.
Шоҳин, намояндаи "Толибон"* дар СММ умедвор аст, ки ба зудӣ корро оғоз мекунад
Роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар суҳбат бо ин нашрия гуфт, ки онҳо ҳокимияти “Толибон”*-ро эътироф карданӣ нестанд.
"Мо метавонем дар Кобул ҳукумате ташкил кунем, ки сулҳи деринтизорро ба Афғонистон биёрад. Ин як ҳукуматест, ки манфиатҳои тамоми қишрҳои аҳолии Афғонистонро ба назар мегирад ва ҳукумати фарогир хоҳад буд",-гуфт Масъуд.
Раҳбари Панҷшер афзуд, ки на мардум ва на ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукумати нави Афғонистон қаноатманд нестанд.
Бидуни Ғанӣ, бо Солеҳ: Ҳукумати қаблии Афғонистон дубора эъломи мавҷудият кард
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Покистон дар бораи баргузории музокироти нерӯҳои мухолифи афғон дар Душанбе ба мувофиқа расида буданд.
Тавре дафтари матбуотии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хабар дод, намояндагони он аллакай барои баррасии ин масъала ба Тоҷикистон омадаанд.
Аммо назари “Толибон”* дар ин маврид то ҳол мушаххас нашудааст, вале ҷангҷӯён тавонистанд Тоҷикистонро дар дахолат ба умури дохилии кишвар муттаҳам кунанд.
* - ташкилоти террористии фаъолияташ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнуъ.