Сомонӣ тақвият меёбад: БМТ қурби рубл, доллар ва евроро нисбат ба пули миллӣ эълон кард

Қурби асъори хориҷӣ дар бозори арзи Тоҷикистон нисбат ба пули миллӣ коҳиш меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 сен – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он, пули миллӣ дар ҳоли тақвиятёбист.
Тибқи иттилои ин ниҳоди молӣ, арзиши 1 рубли русӣ 0.1550 сомонӣ мебошад, ки ин нисбат ба ҳафтаи гузашта поинтар аст. Охири ҳафтаи гузашта дар бозори арзи Тоҷикистон 1 рубли русӣ 0,1554 сомонӣ арзиш дошт.
Қурби доллар ҳам тағйир ёфтааст, он нисбат ба сомонӣ андаке поин рафта, ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.3170 сомонӣ арзиш дорад.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ низ нисбат ба сомонӣ дар қиболи болоравиҳои аввали сол ба таври рекордӣ коҳиш меёбад.
Дар бозори арзи кишвар як евро 13.2477 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки тибқи нишондоди ахири Бонки миллӣ, он 13.2715 буд.
Иқтисоддон гуфт, ки аз доллар дар соли 2022 чиро интизор бояд шуд
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3170 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.2477 то 13.42 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1550 то 0.1570 сомонӣ.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.