"Толибон"* мегӯяд, фурудгоҳи Кобул барои ҳамаи парвозҳо омодааст

"Толибон"* изҳор доштанд, ки фурудгоҳи Кобул барои қабули ҳамаи парвозҳои дохилӣ ва байналмилалӣ омода аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. "Толибон" * эълон карданд, ки фурудгоҳи пойтахти Афғонистон, шаҳри Кобул барои парвозҳои дохилӣ ва хориҷӣ пурра омода карда шудааст.
"Азбаски мушкилот дар фурудгоҳи байналмилалии Кобул ҳал карда шуданд ва фурудгоҳ ба парвозҳои дохилӣ ва байналмилалӣ комилан омода аст, мо дар интизори ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҳавонавардӣ ҳастем, ки қаблан ба Афғонистон карда буданд", - изҳор дошт, Абдул Қаҳор Балхӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати муваққатии Афғонистон дар Твиттер.
Қаблан, сафири Покистон дар Кобул Мансур Аҳмад Хон ба РИА Новости гуфта буд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Покистон PIA ва як қатор ширкатҳои дигари байналмилалӣ омодаанд дар давоми як то ду ҳафта парвозҳои доимиро ба фурудгоҳи байналмилалии Кобул барқарор кунанд, то замоне ки тамоми инфрасохтори бандари ҳавоӣ муттаҳид шавад.
Мулло Бародар Тоҷикистонро ба дахолат ба кори Афғонистон муттаҳам кард
Дар авоили моҳи август "Толибон"* ҳамла ба нерӯҳои давлатии Афғонистонро афзоиш доданд ва 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба охир расидааст.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ аз фурудгоҳи Кобул баромада, ҳузури тақрибан 20-солаи артиши ИМА дар Афғонистонро қатъ карданд. Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон эълон карда шуд, ки онро Муҳаммад Ҳасан Охунд сарварӣ мекунад, ки дар давраи ҳукмронии аввали Толибон * вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия