ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Сардори Хадамоти истихбороти хориҷии Русия аз беҳтарин майдонҳо барои баррасии масоили Афғонистонро Созмони ҳамкории Шонгҳой хонда, таъкид намуд, ки Ғарб низ бояд дар масоили ин кишвар саҳм бигирад.
"Шунидани ҳарчи зудтари назари худи афғонистониҳо ҷолиб мебуд, на танҳо "Толибон"*, балки дигар гуруҳҳои қавмӣ дар ин кишвар. Чунин як муколама миёни кишварҳои минтақа ҷараён дорад", - изҳор дошт Наришкин дар суҳбат бо RT.
Ӯ аз ҳамоиши охири сарони кишварҳои узви СААД ва СҲШ дар шаҳри Душанбе зикр карда, таъкид намуд, ки ба чунин муҳокимаҳо кишварҳои Ғарб низ бояд шомил бошанд.
"Зеро кишварҳои ғарб бояд дарк кунанд, ба далели аъмоли онҳо Афғонистон талафоти зиёд дид. Уҳдадории онҳо таъмини бахши молиявӣ барои барқарорсозии Афғонистон ва ҳаёти муътадил дар ин кишвар мебошад", - изҳори назар кард сардори Хадамоти истихборотии Русия.
Ба гуфтаи Наришкин, амрикоиҳо баъди фирорашон дар Афғонистон иқтисоди хароб, созмонҳои гуногуни террористӣ, афзоиши танишҳои қавмӣ ва қочоқи зиёди маводи мухаддиру силоҳро дар пай гузоштанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломиро ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил, бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занонро идома хоҳанд дод.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар