Русия муҳоҷиронро тариқи IT-технология назорат мекунад

Вазорати умури дохилии Русия назорати муҳоҷирон дар кишварро тариқи технологияҳои ҷадид таҳким мебахшад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. ВУД Русия азм дорад, тариқи роҳандозии фанновариҳои ҷадид назорати муҳоҷиронро таҳким бахшад, хабар додааст ТАСС.
Ба иттилои манбаъ, чунин як лоиҳаи қонун дар доираи чорабиниҳо барои соли 2020 - 2022 дар Консепсияи сиёсати Русия дар умури муҳоҷират таҳия шуда, аз ҷониби Ҳукумат аллакай моҳи декабр баррасӣ хоҳад шуд.
Лоиҳа аллакай баъди баррасии оммавӣ ба Вазорати рушди иқтисоди Русия ирсол шудааст.
Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Вақт кам монд, ҳузури худро расмӣ кунед, то ихроҷ нашавед
Интизор меравад, ки назорати вуруд ва ҳузури хориҷиён вобаста ба мақому ҳадафашон роҳандозӣ гардад.
"Яке аз ҳадафҳои тарҳи қонун баланд бардоштани таъмини амният, аз ҷумла тариқи роҳандозӣ кардани технологияҳои иттилоотӣ дар раванди пешниҳоди хадамоти давлатӣ ва назорат мебошад", - таъкид намуданд дар ВУД,
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ВУД Русия ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар хориҷиён, ки барои муҳлати дароз вориди кишвар шудаанд, кортҳои пластикии чипдорро пешниҳод мекунад. Интизор меравад, ки ин иқдом аз 29 декабр амалӣ карда шавад ва чип ҳомили маълумоти доктилоскопӣ ва сурати дорандаи он хоҳад буд.