ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Кормандони пулиси Петербург шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистонро боздошт карданд, хабар медиҳад "Московский Комсомолес.
Ба иттилои манбаъ, ҳарду дар ҳамла ба як сокини шаҳри Санкт -Петербург гумонбар дониста мешаванд.
Ҳодиса шоми 15 сентябр рух додааст. Ба кормандони пулис хабар расид, ки як марди маҷрӯҳ дар дари даромадгоҳи хонаи рақами 2 дар кӯчаи Болшая Конюшенная хобидааст.Зимнан, кормандони полис пас аз ҳозир шудан ба ҷойи ҳодиса, маълум намуданд, ки ҷабрдида 35 сол доштааст.
Номбурда дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол дода шуд.
Кормандони пулис дар зудтарин фурсат муттаҳамони ин ҷиноятро дастгир намуданд, ки яке шаҳрванди Тоҷикистон ва дигаре аз Қирғизистон буд.
Муҳоҷирон яке 30 ва дигаре 41 - сола буда, феълан нисбати онҳо тибқи моддаи авбошӣ протокол тартиб дода шуда, масъалаи оғоз шудани парвандаи ҷиноӣ баррасӣ мешавад.