ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Нахуствазири Покистон дар нишасти Созмони миллал аз буҳрони инсонӣ дар Афғонистон ҳушдор дода ва хоҳони истеҳком ҳукумати “Толибон”* аз сӯи ҷаҳон шуд.
Имрон Хон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки “Толибон”*-ро ба риояи ӯҳдадориҳои худ оид ба ҳифзи ҳуқуқи занон ва таъсиси ҳукумати фарогир даъват кунанд.
“Дар ҳол, ҳозир ҷомеаи байналмилалӣ бояд масири пеши рӯро дар назар бигирад. Ду роҳ ҳаст, ки метавонес ба он ҳаракат кунем. Агар мо ҳоло ба Афғонистон ғафлат кунем, нисфи аҳолии Афғонистон ҳоло дар мавқияти осебпазир қарор дорад ва дар соли оянда тақрибан 90 дарсади аҳолии кишвар зери хати фақр хоҳад буд. буҳрон бузурги инсонӣ дар пеш аст. Ин кор авоқиби ногувор на танҳо ба ҳамсояҳои Афғонистон балки тамоми кишварҳои ҷаҳон дорад”,- гуфт ӯ.
Имрон Хон қайд кард, ки дар сурати нооромӣ дар Афғонистон, ин кишвар ба як майдони терроризми ҷаҳонӣ табдил хоҳад ёфт.
“Ҳоло роҳе вуҷуд дорад, мо бояд давлати феълиро ба номи мардуми Афғонистон тақвият ва ташбит кунем”, - гуфт ӯ.
Имрон Хон илова кард, ки вақт хеле муҳим аст, зеро вазъ дар Афғонистон рӯз аз рӯз шадидтар мешавад.
* - гурӯҳи террористӣ, ки фаъолияти он дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст