ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. ВУД мегӯяд, садамаи маргбор рӯзи 23-юми сентябр дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", сокини 30-солаи ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар тарафи чапи роҳ чаппа намудааст.
"Дар натиҷа мусофири автомашина, сокини 24-солаи ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст",-омадааст дар иттилоия.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад. Мақомоти умури дохилӣ аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ қоидаҳоро риоя намоянд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан ВУД гуфта буд, дар Тоҷикистон танҳо тайи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ бар асари 472 ҳодисаи роҳу нақлиёт 159 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расида, 537 нафар ҷароҳат бардоштанд. Сабаби асосии садамаҳо риоя накардани қоидаҳо, аз ҷумла ҳаракат бо суръати аз меъёр баланд, идораи мошин дар ҳолати мастӣ ва ғайра арзёбӣ мешаванд.