Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Дастури сарпарасти вазорати дифои “Толибон”* ба ҷангҷӯён: Афви умумиро риоя кунед

Сарпарасти Вазорати дифои “Толибон”* мегӯяд, ки афви умумӣ шомили ҳама мешавад ва нерӯҳои “Толибон”* ҳақ надоранд, ки даст ба интиқомҷӯӣ бизананд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Мулло Муҳаммад Яъқуб, сарпарасти вазири дифои кобинаи “Толибон”* дар як паёме гуфтааст, ки пас аз содир шудани фармони афв ҳеҷ кас ҳақ надорад, аз иҷрои ин амр саркашӣ кунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба шабакаи телевизионии "TOLOnews".
Мулло Яъқуб афзуд, онҳое, ки баҳсҳои шахсӣ доранд, бояд ба додгоҳ муроҷиат кунанд, вагарна нафароне, ки ба худсарӣ даст мезананд, муҷозот хоҳанд шуд.
Вазири дифоъ дар ин паёми садоии худ мегӯяд, гузоришҳое вуҷуд доранд, ки “Толибон”* шуморе аз касонеро, ки бо онон мухолифат ва ҳам душманӣ доштанд, ба қатл расонидаанд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Толибон": Эъдом ва буридани дасту пойро мумкин дубора оғоз кунем
Дар ҳамин ҳол шуморе аз наздикони сарбозони собиқи ҳукумат мегӯянд, ки аъзои хонаводаи онҳо, ки низомӣ буданд, то ҳол дар дасти “Толибон”* қарор доранд ва онҳо аз “Толибон”* даъват мекунанд, то пас аз татбиқи афви умумӣ онҳоро озод намоянд.
Ин дар ҳолест, ба хотири ҷилавгирӣ аз бесарусомонӣ дар Кобул ахиран як комиссиюни вижаи амниятӣ таъсис шудааст, ки таҳти раёсати Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини аввали сарвазир фаъолият мекунад.