ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар Ню-Йорк ҳамоно иҷлосияи 76-уми СММ ва дар ин росто вохӯрию мулоқоти вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо намояндагони дигар давлатҳо давом дорад.
Котиботи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Сироҷиддин Муҳриддин бо ёвари Ҷо Байден, раисҷуҳури Амрико ва мудири Шӯрои амнияти миллӣ вобаста ба Русия ва Осиёи Марказӣ Эрик Грин мулоқот намудааст.
Бинобар иттилои манбаъ, мулоқоти вазири тоҷик ва ёвари Байден рӯзи 22-юми сентябр дар Ню-Йорк баргузор шуд ва ҷонибҳо дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Амрикоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимнан ҳар ду тараф ба масъалаи Афғонистон дахл карда, пиромуни таҳаввулоти ахири ин кишвар ва вазъи сиёсию амниятии он табодули назар намуданд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дипломати тоҷик бо президенти Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх вохӯрд ва аснои мулоқот аз Петр Маурер даъват намуд, ки ба Ҷумҳурии Афғонистон, минҷумла ба водии Панҷшер фавран кумак кунад.