Ҷузъиёти сафари Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон маълум шуд

Рустами Эмомалӣ бо ҳамтои қазоқи худ, мири шаҳри Нурсултон ва намояндагони Сенати Қазоқистон вохӯрӣ ва мулоқот мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе ва ҳамзамон раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷараёни сафари худ ба Қазоқистон бо мири шаҳри Нурсултон Алтай Кулгинов мулоқот хоҳад кард.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, раисони шаҳрҳои Душанбе ва Нурсултон ёддошти тафоҳум имзо мекунанд ва ҳамзамон пойтахтҳои Тоҷикистону Қазоқистон бародаршаҳр эълон мешаванд.
Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ вориди Қазоқистон шуд
Вохӯрии Рустами Эмомалӣ бо ҳамтои қазоқаш соати 16:00 (ба вақти маҳаллӣ) баргузор мегардад.
Илова бар ин вохӯрию мулоқоти раиси Маҷлиси миллӣ бо намояндагони Сетани Қазоқистон низ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 23-юми сентябр Рустами Эмомалӣ бо як ҳайати расмӣ вориди Қазоқистон шуд. Ин савумин сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба хориҷи кишвар мебошад. Қаблан ӯ ба Русия ва Ӯзбекистон сафар намуда буд.