Дипломатҳои туркман хабари дар кома будани Бердимуҳаммадовро шарҳ доданд

Сафорати Туркманистон дар шаҳри Маскав расман хабарҳо дар мавриди бад будани саломатии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва гӯё дар ҳолати беҳушӣ қарор доштанаш, шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Хабарҳо дар мавриди бад шудани вазъи саломатии кишвардори Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов беэътимод ва дур аз воқеят аст.
Дар ин бора ба хабаргузории РИА Новости сафорати Туркманистон дар шаҳри Маскав хабар дод.
Қаблан дар аксар расонаҳо хабарҳо пайдо шуданд, ки гӯё Бердимуҳаммадов дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад.
Ҷузъиёти сафари Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон маълум шуд
Аммо намояндагии дипломатии Туркманистон дар Русия гуфтааст, ки "хабарҳои ячк қатор расонаҳо дар бораи бад шудани вазъи саломатии Президент,.... комилан беэътимод ва дурӯғ аст".
Ба маълумоти намояндагӣ, рӯзи гузашта Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҷаласаи васеъ баргузор кард. Департаменти дипломатӣ инчунин шарҳ дод, ки "маълумот дар бораи рӯйдодҳои ахир бо иштироки президенти Туркманистонро метавон дар вебсайти turkmenistan.gov.tm дастрас кард.
Маврид ба зикр аст, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи 17 сентябр дар нишасти СҲШ, ки дар Тоҷикистон баргузор гардида буд, иштирок ва суханронӣ намуда буд.