"Толибон"* дар Кобул бо Русия, Чин ва Покистон музокира мекунанд

Дар ин нишаст намояндаи вижаи президенти Русия оид баАфғонистон Замир Кабулов, сафири Покистон дар Кобул Мансур Аҳмад Хон, инчунин роҳбари намояндагии дипломатии Чин дар Афғонистон Ван Ю иштирок доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Намояндагони Русия, Чин ва Покистон дар Кобул бо ҳайати "Толибон"* мулоқот мекунанд. Дар ин бора намояндаи ҷангҷӯён Аҳмадуллоҳ Муттақӣ дар сафҳаи Твиттер хабар додааст.
Аҳмадуллоҳ Муттақӣ навиштааст, ки дар ин вохӯрӣ аз ҷониби "Толибон"* Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири молия ва дигарон низ ҳозиранд.
Ӯ дар зери паём якчанд аксҳои вохӯриро низ гузоштааст, ки дар он намояндаи махсуси президенти Русия оид ба Афғонистон Замир Кабулов, сафири Покистон дар Кобул Мансур Аҳмад Хон, инчунин роҳбари намояндагии дипломатии Чин дар Афғонистон Ван Ю дида мешаванд.
Ҷузъиёти дигари музокирот мушаххас нашудааст.
Имрон Хон гуфт, пас аз суҳбат бо Раҳмон музокира бо Толибонро* оғоз кард
Аз ин пеш намояндагони ҳукумати нави Афғонистон як қатор изҳорот содир карда буданд, ки яке аз он лағфи баргузории маросими савгандёдкуниии ҳукумати нав буд. Ба гуфтаи муовини вазири иттилоот Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, радикалҳо тасмим гирифтанд, ки ба мушкилоти фаврии Афғонистон таваҷҷӯҳ кунанд.
Ҳамзамон "Толибон"* ба такмили девони вазиронашон идома медиҳанд, ки ахиранд вазирони савдою тандурустиро ва як қатори дигар таъйин карданд.
Сарфи назар аз ваъдаҳои "Толибон"* ва эътирозҳои оммавии мардуми маҳаллӣ, занон дубора ба ҳукумат роҳ наёфтанд.
* - созмони террористии фаъолияташ дар Русияву Тоҷикистон мамнӯъ