Ба Қазоқистон вируси навъи "Еta" роҳ ёфт

Дар чаҳор минтақаи Қазоқистон ин навъи коронавирус сабт шудааст. СҶБ мегӯяд, навъи нави коронавирусро бояд назорат кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар Қирғизистон навъи нави нигерии коронавирус - "Еta" роҳ ёфтааст, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон бо истинод ба вазири тандурустӣ Алексей Сой.
Ба иттилои манбаъ, феълан ин навъ коронавирус дар минтақаҳое чун Қараганда, Мангистоу, Повладор ва шаҳри Нурсултон сабт шудааст.
Вируси навъи "Еta" моҳи декабри соли гузашта пайдо ва бори нахуст он дар Нигерия ва Британия Кабир кашф шуд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
"Спутник V" - муассиртарин ваксин алайҳи штамми "делта" мебошад
Бинобар маълумоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, то 15 сентябри соли равон навъи бемории мазкур дар 77 кишвари ҷаҳон паҳн шуд ва намояндагони ин созмон мегӯянд, онро бояд назорат кард.
Нишонаҳои ин навъи коронавирус ҳам ба мисли навъҳои "Аlpha" ва "Вeta" ҳарорати баланди бадан, сулфа, эҳсос накардани бӯй ва мазза аст.