Генерали покистонӣ аз кафолатҳои "Толибон"* изҳори қаноатмандӣ кард

Низомиёни Покистон аз аъмолу кафолатҳое, ки "Толибон"* дар умури таъмини амният ба ин кишвар додаанд, феълан қаноатманданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Генерал Бобур Ифтихор, мудири раёсати иртибот бо ҷомеаи Вазорати дифои Покистон мегӯяд, кишвараш аз кафолатҳои "Толибон"* дар умури амниятӣ розист.
Бобур Ифтихор дар суҳбат бо Urdu News изҳор доштааст, ки аз ҷумла "Толибон"* дар мавриди фаъолияти гуруҳи дар Покистон мамнӯи "Таҳрики Толибон" ваъдаҳое додаанд. Ба гузориши Sputnik Афғонистон, ин гуруҳи мамнӯъ дар Покистон дар қаламрави Афғонистон фаъолият дорад ва феълан "Толибон"* бо вуҷуди ваъдаҳояшон ба Покистон ба мубориза бо гуруҳро оғоз накардаанд.
Ҳомид Карзай: Афғонистон хоки ман аст, паноҳанда намешавам
Манбаъ бо такя ба генерали покистонӣ афзуд, ки бо "Толибон"* масъалаи таъмини ҳифзи марз баррасӣ шуда истодааст. Таъкид шудааст, ки Покистон дар марз бо Покистон ба дарозии 2600 километр сад гузошта шудааст.
Ба гуфтаи генерал Бобур Ифтихор, садсозӣ дар марз бо Афғонистон тақрибан 90 дарсад анҷом ёфтааст. Ӯ илова намудааст, ки ҳифзи марз пайваста таҳким ёфта, ояндаи наздик он комилан аз вуруди террористон ҳифз хоҳад шуд.
Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломӣ ташкил мекунад. Ин гурӯҳ то имрӯз наздик ба 40 узви ҳукуматашро эълон кардааст, ки аксарашон паштун буда, таҳти таҳрими СММ қарор доранд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар