Руденко: Барои сафари Мирзиёев ба Русия ҳуҷҷатҳои ҷиддӣ омода шудаанд

Интизор меравад, соли ҷорӣ сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеёв ба Русия сурат гирад
Sputnik
Барои сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Федератсияи Русия бастаи ҳуҷҷатҳои ҷиддӣ омода шудааст. Дар робита ба ин сафар муовини вазири умури хориҷии Русия Андрей Руденко дар суҳбат бо Sputnik иттилоъ дод.

"Ба сафари давлатии президенти Ӯзбекистон, ки бояд имсол доир шавад, омодагӣ мебинем. Ба ин хотир бастаи ҳуҷҷатҳои ҷиддӣ, аз ҷумла дар бахши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар соҳаҳо омода гардидааст ва мо бар инем, ки сафари қарибулвуқуъ як марҳилаи воқеан таърихӣ мегардад".

Ба иттилои Руденко, соли 2020 гардиши мол миёни Русия ва Ӯзбекистон 5,9 миллиард долларро ташкил дод ва ин адад соли равон боз ҳам бештар афзоиш хоҳад ёфт.
Муовини вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, ба афзоиши гардиши мол шубҳа надоранд, зеро "лоиҳаҳо ва барномаҳои мавҷуд аз он шаҳодат медиҳанд, ки дурнамо дар ин робита хеле хуб аст".
Вазорати корҳои хориҷӣ гуфт, ки Путин кай ба Тоҷикистон меравад
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, сафари кишвардори Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон ҳамоно дар рӯзномаи корӣ боқӣ мондааст ва дар ояндаи наздик бояд сурат гирад.
Феълан раисҷумҳури Русия бинобар тамос доштан бо афроди гирифтори коронавирус дар инзивоъ қарор дорад.