Тавзеҳи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон: Маош 28 дарсад зиёд мешавад

Дафтари матбуотии раёсатҷумҳури Тоҷикистон фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зиёд кардани маоши кормандони Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои тобеи онро тавзеҳ додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Маоши амалкунандаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он ба ҳисоби миёна 28 фоиз боло хоҳад рафт, тавзеҳ дод дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, боло бурдани маош, дар асоси супоришҳои роҳбари давлат, ки зимни мулоқот бо олимони кишвар соли 2020 баён карда шуданд, амалӣ мегардад. Ҳадаф дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он арзёбӣ шудааст.
Кӣ зиёд ва кӣ кам маош мегирад? – охирин додаҳои Агентии омор
Дафтари матбуот таъкид намудаст, ки ин иқдом саривақтӣ буда, идомаи мантиқии таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба кормандони соҳаҳои илму маориф ва олимони кишвар мебошад.
Бар асоси фармони раисҷумҳур, ки Эмомалӣ Раҳмон 20 сентябр имзо кард, андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он аз 1 сентябри соли 2021 зиёд карда шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки дар муҳлати як моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба фармони мазкур мутобиқ намояд.