"Толибон"*: духтарҳо ба зудӣ ба макотиб бармегарданд

Сухангӯи "Толибон"* изҳор доштааст, ки духтарон ба зудӣ ба макотиб бармегарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Хабаргузории Sputnik Афғонистон бо истинод ба Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯй ва муовини вазири иттилоот ва фарҳанги ҳукумати муваққати "Толибон"* гуфтааст, ки духтарон ба зудӣ ба мактаб бармегарданд.
Вай гуфт, ки масъулони ҳукумати муваққат дар мавриди тақсим кардани синфҳо ва ҳамчунин таъйини омӯзгорон барои мактабҳои духтарон кор мекунанд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Толибон* вазири маорифашро таъйин кард: нахустин фармони ӯ дар бораи таҳсили духтарон
Рӯзи ҷумъа Вазорати маорифи Афғонистон эълон кард, ки мактабҳои миёна ва олии писарон аз рӯзи шанбе оғоз шуданд, аммо дар бораи оғози мактабҳои миёна ва олии духтарон чизе нагуфтанд.
Ёдовар мешавем, "Толибон"* қаблан гуфта буданд, ки мехоҳанд синфҳои писарону духтаронро дар донишгоҳҳо ва мактабҳои олӣ ҷудо кунанд.
"Ҳамаи омӯзгорон ва донишҷӯёни мард бояд ба мактабҳо ҳозир шаванд", - гуфта мешуд дар изҳороти ин гурӯҳ.
Дар ин баёния, ки рӯзи ҷумъаи 17 сентябр нашр шуд, танҳо аз "устодон ва донишҷӯёни мард" ба мактабҳо даъват карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ЮНИСЕФ мегӯяд, ки аз ифтитоҳи мактабҳои миёнаи писарон пас аз чанд моҳи басташавӣ дар Афғонистон истиқбол мекунад, аммо мегӯяд, духтарон набояд аз раванди таҳсил дар канор монанд.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия