Аз шарти омадани сармоягузори рус то фоидаи Душанбе аз узвият дар ИИАО – суҳбат бо Катирин

Раиси Палатаи тиҷорӣ - саноатии Русия аз шартҳои афзоиши сармоягузории кишвараш дар Тоҷикистонро гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Сергей Катирин, ки ҷиҳати ширкат дар як ҷаласаи умумии палатаҳои тиҷорӣ - саноатии Русияву Тоҷикистон дар Душанбе қарор дошт, бар ин аст, ки ду кишвар ба ҳамкориҳои танготанги тиҷорӣ ниёз доранд ва бояд барои беҳбуди фазои сармоягузорӣ талош кунанд. Sputnik Тоҷикистон дар робита ба ин масоил бо Сергей Катирин, раиси Палатаи тиҷорӣ - саноатии Русия як мусоҳиба анҷом дод.
Sputnik: Дар соли 2016, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки сармоягузорони рус аз ин кишвар хориҷ мешаванд, зеро бо мушкили афзояндаи андоз рӯбурӯ ҳастанд. Оё вазъият дар 5 соли гузашта тағйир кардааст?
Катирин: Мо ҳеҷ сигнале аз сӯи тиҷорати Русия дар бораи афзоиши бори андоз имрӯз надорем. Ман намедонам чӣ қадар коҳиш ёфтааст, ё афзудааст, аммо аз сармоягузорон ва тавлидкунандагони русӣ, ки дар ин ҷо кор мекунанд, чунин иттилоот ё шикояте дар даст надорем.
Илова бар ин, мо чандин ҷаласа баргузор кардем, ки ба кишоварзӣ, коркарди маводи ғизоӣ, мошинолоти кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои саноат ихтисос дошт, аммо дар ҳеҷ ҷо ин қабил ҳарфҳо шунида нашуд. То он ҷо, ки ман фаҳмидам, имрӯз чунин нигаронии сармоягузорон ва тавлидкунандагон вуҷуд надорад. Ҳадди ақал мо аз чунин мушкилӣ нашунидаем.
Sputnik: Лутфан монеаҳои аслии афзоиши сармоягузориҳои Русия дар иқтисоди Тоҷикистонро ном бибаред.
Катирин: Аввал, иттилоот. Бозигарони бузурге, монанди “Газпром”, “Роснефт” ва дигарон имконотро медонанд. Онҳо ин фурсатро доранд, ки бозори Тоҷикистонро мутолиа кунанд, бубинанд тарҳҳо чӣ қадар ҷолиб ҳастанд. Дигар ширкатҳои хурду миёна чизе дар мавриди Тоҷикистон намедонанд ё каму бад медонанд. Дар ин маврид ба иттилоот ниёз аст. Мо ба таври табиӣ бо сармоягузорон кор мекунем, то вақте онҳо ба ин ҷо меоянд, барои ҷамъоварии имзо дар ба дари идораҳо нагарданд ва вақт зоеъ накунанд. Сармоягузор бояд касонеро дошта бошад, ки барои анҷоми ҳамаи ин расмиёт кумак кунанд.
Сармоягузориҳо ба Тоҷикистон кам шуданд: коршиносон сабабшро шарҳ доданд
Агар аз монеаҳо сӯҳбат кунем, ба гунаи мисол, як сармоягузор меояд, ӯ ба як бистари фаъолият ниёз дорад. Агар роҳе барои ирсоли колоҳои худ надорад, агар газ, барқ ва дигар зерсохтҳо дар он ҷо нест, чӣ гуна метавонад сармоягузорӣ кунад? Чунин бистаре бояд тавассути давлат омода шавад.
Масалан, дар Русия, агар як тарҳи сармоягузорӣ ироа шавад, возеҳ дар он баён мешавад, ки роҳ, манбаи об, хатти лӯлаи газ ва зерсохтҳои дигар дар онҷо вуҷуд дорад. Метавонед ин иттилоро ба даст оред, ки дар фалон шаҳр чӣ қадар аҳолӣ, донишгоҳ, бунгоҳи тиббӣ ва ғайра дорад. Рӯи тарҳҳои бузург бояд ин гуна кор кард.
Sputnik: Ишора кардед, ки Палатаи тиҷорӣ – саноатии Тоҷикистон ба шумо 113 тарҳи сармоягузорӣ ироа кардааст. Дар ин тарҳҳо бештар рӯи кадом соҳаҳо тамаркуз сурат гирифтааст?
Катирин: 13 соҳа. Масалан, яке санъати сабук аст, бисёре аз тарҳҳо ба кишоварзӣ, муҷтамеъҳои кишоварзву саноатӣ ва дигар бахшҳо ихтисос ёфтаанд. Мо ҳамаи инҳоро ба сармоягузорон пешниҳод кардем ва умедворем сармоягузорони русӣ алоқамандии худро нишон медиҳанд.
Sputnik: Дар поёни моҳи декабр, муддати 50 дарсад тахфиф барои ҳамлу нақл меваҳои тоҷикӣ тавассути Роҳи оҳани Русия ба поён мерасад. Оё ин тахфиф, ки барои бахши кишоварзии Тоҷикистон бисёр муҳим аст, тамдид мешавад?
Катирин: Умедворам, ки мешавад. Ин масъала бояд дар сатҳи ҳукуматҳо ҳал шавад ва Роҳи оҳан низ бар ин асос тасмим мегирад. Агар ҳанӯз ба маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ниёз дорем, агар ҳанӯз он ба мо зарур аст, ба назари ман, бояд тамдид шавад. Ҳадди ақал , ба назарам мерасад, ки ҳанӯз далеле барои ҳазфи ин тахфиф вуҷуд надорад.
Раҳмон ба мақомдорон: мақсад аз Кодекси нав зиёд намудани сарбории андоз нест
Sputnik: Кишоварзони Тоҷикистон аз ин ки наметавонанд дар миқёси васеъ вориди бозори Русия шаванд, шикоят доранд ва худро маҳдуд ба арзаи зиёди меваҳои хушк кардаанд. Ба назари шумо, ҳукумати Тоҷикистон чӣ иқдомеро метавонад барои кумак ба ширкатҳои кишоварзии худ дар заминаи содирот анҷом диҳад?
Катирин: Тавсияи бисёр содда аз тарафи ман: ҳамкорӣ. Агар ҳар кишоварз ё деҳқон саъй кунад ба танҳоӣ 5 килограммро аз тариқи марз ба мо бирасонад, албатта, ин як мушкил аст. Барои мо дар Русия ин осон аст, ки як дастаи бузурги моли як ширкатро аз марз гузаронем, то ин ки бо чандин ширкат даргир шавем. Агар шумо миёни худ ҳамкорӣ кунед ва маҳсулоти худро ба таври якдастӣ дар ихтиёри шабакаҳо ё ширкатҳои бузурги мо, ки қудрати захираи зиёд ва фурӯшро доранд, гузоред, мушкил ҳал мешавад.
Sputnik: Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) як тафоҳумномаи ҳамкориро ба имзо мерасонанд. Ба назари Шумо, Тоҷикистон аз ин тавофуқ чӣ нафъ метавонад бибарад, оё ин ёддошти тафоҳум метавонад бартариятҳои пайвастан ба ИИАО-ро ба Тоҷикистон нишон диҳад ?
Катирин: Хубиҳои пайвастан ба ИИАО маълум аст. Ин кор рӯи марзҳои боз, қоидаҳои ягона, як бозори кори муштарак, умури молӣ ва дигар соҳаҳо аст. Аммо ин масъалаи соддае нест. Бинобарин, гуфтани ин ки мо ворид ИИАО мешавем, осон аст, аммо то он дам бояд қонунгузории кишвар барои ин кор мутобиқ шавад, то бо меъёрҳои ИИАО мутобиқат дошта бошад. Узвият дар ин иттиҳод фурсатҳоро аз назари таомул бо ҳама кишварҳои узви он афзоиш медиҳад. Ин аввалин чиз аст.
Дувум, имрӯз ИИАО дар сатҳи ҷаҳон, ба унвони мисол, бо ҷонибҳои дигар дар мавриди як минтақаи тиҷории озод тавофуқ мекунад. Масалан, тавофуқномае бо Ветнам имзо шудааст. Тоҷикистон имрӯз ба ин минтақаи тиҷории озод пайваст нест.
18 роҳи қонунигардонии пули ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон давоми як сол
Агар узви ИИАО мебуд, пайваст мешуд. Ҳоло қарордоде бо Сингапур имзо мешавад. Ҳамчунин аризаҳо аз сӯи теъдоде аз кишварҳо омадааст, ки моил ба имзои тавофуқнома бо ИИАО ҳастанд. Инҳо имконоти дигаре ҳастанд. На танҳо бо ин панҷ кишвар, балки бо кишварҳои дигар низ. Ман мӯътақидам, ки Ӯзбекистон ба зудӣ ба узвияти ИИАО дар меояд. Ин доираи васее аз кишварҳоест, ки метавонед бо онҳо ҳамкорӣ кунед, бо ҳар кишваре, ки ИИАО бо онҳо тавофуқ мекунад.
Sputnik: Кадом тарҳҳои ҳамкории иқтисодии Русия ва Тоҷикистонро муҳиммтарин меҳисобед?
Катирин: Аввал, ин маҷмӯаи сӯхту энержӣ аст, саноати энерживу нафту газ. Бидуни шак, кишоварзӣ, маҷмӯаи кишоварзиву саноатӣ. Кор ва алоқаҳои мутақобили зиёде вуҷуд дорад, ҳам аз назари арзаи маҳсулот аз Тоҷикистон ва ҳам таъмини таҷҳизот аз Русия. Кишвари мо омодаи таъмини таҷҳизоти мухталифи сохти Русия аст. Тибқи оморе, ки дар ихтиёри мо гузоштанд, мебинем, ки Тоҷикистон чӣ кадар ба ин таҷҳизот ниёз дорад, то новгон (парк) – и мошину трактор ва комбайни худро нав кунад.
Соҳаи дигар саноати сабук аст. Мо тавофуқномаҳоеро дар заминаи коркарди пахта имзо кардем, ки Тоҷикистон онро тавлид мекунад. Ба таври хулоса, соҳаи зиёде вуҷуд дорад, аммо ба назари ман, саноати кишоварзӣ ва энержӣ метавонанд, муҳаррики аслии ҳамкории мо бошанд.