Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Ҷабборов аз вазъи COVID дар Қирғизистон гуфт ва шаҳрвандонро ба ваксинзанӣ хонд

Кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов аз шаҳрвандони кишвараш даъват намуд, ки ҳатман алайҳи бемории коронавирус ваксин гиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Содир Ҷабборов президенти Қирғизистон дигарбора аз шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ даъват намуд, ки ваксин гиранд ва худро аз бемории коронавирус эъмин кунанд.
Кишвардори Қирғизистон дар сафҳаи Instagram- и худ вазъи коронавирусро шарҳ дода, чунин муроҷиат кард.
"Шабонарӯзи гузашта 69 мавриди нави сироятёбӣ ба коронавирус сабт гардид. Ҳамаи нафароне, ки тоза мубталои ин дард гардиданд, ваксин нагирифта буданд.Аз ин рӯ, ман бори дигар аз ҳамаи шаҳрвандон даъват мекунам, ки зидди коронавирус ваксин гиранд", - навиштааст Ҷабборов.
Маврид ба зикр аст, ки маъракаи сартосарии ваксинзанӣ дар Қирғизистон рӯзи 11июл оғоз ёфт ва шаҳрвандонро бо доруи чинии Sinopharm ваксин заданд.
Маҳдудиятҳо дар шаҳри Бишкек: авҷи сироят ба коронавирус дар Қирғизистон
Мақомот гуфтанд, ки барои ташаккули масунияти оммавӣ, ҳадди аққал 70 дарсади аҳолӣ, яъне 2,4 миллион қирғизистонӣ бояд ваксинзанӣ шаванд.
Тибқи маълумоти охирин, 764 437 қирғизистонӣ бо вояи аввал ва 565 822 бо вояи дуюм ваксин гирифтанд.