ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ҳамкориҳои низомию фаннӣ бо Ӯзбекистон ва Туркманистонро рушд медиҳад. Дар ин бора муовини сарвазири Федератсияи Русия Юрий Борисов дар шабакаи телевизионии Россия-1 хабар дод.
Номбурда гуфт, Рустя кумаки низомӣ-фаннӣ мерасонем, ҳамкориҳои низомӣ-фанниро тавсеа медиҳад.
Сиёсатмадор афзуд, ки Қазоқистон ва Беларус низ дар таҳкими нерӯ ва васоити Созмон ширкат хоҳанд кард.
Муовини сарвазир гуфт, ки қариб ҳамаи сарони ҳайатҳо дар нишасти СПАД изҳори хоҳиш карданд, ки дар самти ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии қарорҳо дар рушди маҷмӯаҳои саноатии ҳарбии миллӣ зичтар кор кунанд.
Вай қайд кард, ки кишварҳои СПАД, пеш аз ҳама ба шарофати рушди комплекси ҳарбӣ-саноатии Русия, қодиранд ҳифзи боэътимоди сарҳадро дошта бошанд.