Се муҳоҷири тоҷик дар як мошини иҷорагирифтаашон дар маркази Новосибирск дучори садамаи мудҳиш шудаанд, хабар медиҳад шӯъбаи полиси роҳ дар шаҳр.
Фоҷиа субҳи барвақти 18 сентябр дар кӯчаи Депутатская рух додааст.
Тибқи фарзияи пешакӣ, ронанда идораро аз даст дод ва ба сутуни чароғаки кӯча бархӯрд.
Дар натиҷаи садама ҳар се марди дар мошин буда фавтидаанд. Мошин бошад, пурра сӯхтааст.
Маълум шудааст, ки фавтидагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, шахсияти онҳо пас аз тафтиш маълум хоҳад шуд.
Сабаби рухдоди ҳодиса мушаххас карда мешавад. Ҳамчунин муайян карда мешавад, ки оё ронанда маст будааст ё не.